Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дастур додаст, ки картошкаву пиёзи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ворид карда шаванд.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муассисаи «Тоҷикматлубот»-и вилоят дастур додаст, ки бо деҳқонони ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб шартнома баста, картошкаву пиёзи онҳоро ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ворид кунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз намояндагони васоити ахбор хоҳиш кардааст, ки ташвиқу тарғиби ҳосили ин маҳсулотҳоро дар навоҳии номбаршуда бештар кунанд, то мардум ва соҳибкорон огоҳ шаванду пайи воридоти ин маҳсулот шаванд.

«Раиси вилоятро болоравии нархи пиёзу картошка дар бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки нархи як кг пиёз то 4 сомонӣ дакка хӯрдааст, ба ташвиш гузоштааст», - афзуд сарчашмаи хабар.