Бо мақсади дастгирӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Хазинаи Кӯдакони СММ ЮНИСЕФ  ҳамчун яке аз ташкилкунандагон ва сарпарастони ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ (SUN) ба оғози иқдоми мазкур тавассути баргузор намудани семинар дар таърихи 11 августи соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, инчунин созмонҳо оид ба рушд аз ҷумла Барномаи ҷахонии озуқаворӣ (WFP) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  (WHO), намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар семинари мазкур бо мақсади беҳтар дарк намудани мафҳуми ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ (SUN) ва оғоз бахшидан ба барномаи бисёрҷанбаи озуқаворӣ дар Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндаи ташаббуси зикргардида доктор Лола Бобоҳоҷиева чорабинии мазкурро кушода, муҳимияти нақши озуқавориро дар беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак ҳамчун омили асосӣ қайд намуданд.

Сафири ИМА хонум Сюзан Эллиотт дар суханронии хеш зарурати ҷалб намудани бахшҳои мухталиф дар баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ  ва таъсири иктисодии ғизои номуносибро дар рушди миллӣ зикр намуд. «Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар соҳаи озуқаворӣ ва амнияти он, нақши давлат дар рушди соҳаи тандурустӣ, гузаронидани чорабиниҳо мартуб ба таъмини амнияти озуқаворӣ , рушди хоҷагии кишлок, иштироки қавии бахши хусусӣ ҷалби шарикони ва истифодаи кӯшишу талошҳо мухталиф. хеле мухим аст.»

Семинари баргузоргардида намояндагони котиботи ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ  (SUN) инчунин намояндагони давлатҳои Непалу Кирғизистонро, ки ташаббуси мазкур дар ончо дар самти ба роҳ мондани фаъолияти бахшҳои мухталиф нисбат ба мушкилоти норасоии ғизо ба дастовардҳои назарас ноил гардида буданд, ба ҳам овард..

Аз давраи шомил гардидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббуси зикргардида моҳи сентябри соли 2013, семинари мазкур нахусти рӯйдоди муҳимест, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардидааст. Аз соли 2010 то инҷониб 53 давлат ба ин ташаббус шомил шудаанд.