Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба роҳандозии беҳтарин сомонаҳои иннноватсионӣ миёни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ озмун эълон кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмуни мазкур то 1-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Гуфта мешавад ғолиби ҷоизаи Гран-при (Шоҳҷоиза) «Беҳтарин сомонаи инноватсионии навраста (стартап)» бо 10 ҳазор, ғолибони номинатсияҳои “Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ”, “Беҳтарин сомонаи инноватсионии  иҷтимоӣ», “Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ-хусусӣ(аутсорсинг),       “Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ”ҳар кадоме бо 5 ҳазор ва ғолиби ҷоизаи сомонаи инноватсионии «Сазовори таваҷҷӯҳи иштирокчиён» бо 2 ҳазору 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ карда мешаванд.