Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов имрӯз  ба Душанбе омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», сафари Каромат Шарипов ба ватан ба иҷрои қарзи шаҳрвандии ӯ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии ҳамватанони муқими Русия марбут аст.

Дар ҷараёни сафар Шарипов бо Маҳмудҷон Сангов вохӯрданист, ки аз ҷониби ҳамватани худ ба ғуломии соҳибкори рус фурӯхта шуда, замони фирор ҷароҳат бардоштааст. Дар Русия аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар он Каромат Шарипов ба сифати ҳимоягар амал мекунад.

Ҳамчунин Шарипов дар робита ба ошкор кардани ҳолатҳои марбут ба «миёнаравони пинҳонӣ», ки дар маркази тиҷорати «Москва» нақши нозиронро мебозанд, низ як қатор мулоқотҳои ғайрирасмӣ оростанист.

«Маҳз «миёнаравони пинҳонӣ» бозори ғуломон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил додаанд. Маълумоти аз Тоҷикистон раҳбарӣ шудани «миёнаравони пинҳонӣ»-ро Шарипов аз роҳбари хадамоти амнияти маркази тиҷорати «Москва» дастрас кардааст», - таъкид мегардад дар хабари сомона.

Гуфта мешавад, Каромат Шарипов умедвор аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умуми давлатӣ ва мустақил ба ҳарфҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки ба зиммаи раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҳамчунин кӯшиши роҳандозии эфири мустақим бо ҷавонони тоҷики муқими Русия низ вогузор шудааст. «Ҳақиқат то ҳадде ногувор бошад ҳам, ҳукумати Тоҷикистон бояд мардонавор ба он гӯш диҳад», - омадааст дар хабар.