Иттиҳодияи ҷамъиятии муваффақтарини Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб ба Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) расман нобоварӣ изҳор намуда, аз шарикии минбаъда бо ӯ даст кашид.

Директори маркази «Шаҳрванд» Додарбек Сайдалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иттиҳодияи онҳо аз соли 2006 бо СБМ ҳамкорӣ дошта, дар назди иттиҳодия Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ таъсис ва мувафаққона амал мекунад, ки баъдтар бо ташаббуси СБМ ба Маркази мусоидат ба муҳоҷирон табдили ном кардааст.

«СБМ сарпараст, яъне ташкилоти бурсҷудокун нест ва асосан ба тақсими бурсҳои ҷудошуда аз дигар созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла USAID, DFID, SCD, Шоҳигарии Нидерланд, ҳукумати Швейтсария ва сохторҳои барномаҳои СММ машғул аст», - гуфт ӯ.

Сайдалиев мегӯяд, ихтилофҳо ҳанӯз соли 2010, вақте маълум шуд, ки СБМ дар доираи лоиҳа баҳри дастгирии ҳуқуқии хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ, ки саробонашон занонанд, ба маркази «Шаҳрванд» камтар аз се як ҳиссаи бурси гирифта аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SDC)-ро ҷудо кардааст.

«Маълум шуд, ки 5% аз ҳаҷми ҳамаи бурсҳои гирифтаро СБМ ба Женева, дафтари кории асосии СБМ мефиристодааст», - гуфт ҳамсуҳбат ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки ин маблағ ҳамчунин дар ҳисоботи сарпарастон ҳамчун кумаки молӣ ба ҳукумати Тоҷикистон зикр мегардад.

Ба қавли Сайдалиев, он замон вақте раҳбарияти СБМ дар бораи аз имзои қарордод дар бораи гирифтани бурс даст кашидани Ташкилоти ғайридавлатӣ (ТҒД)-и шарики маҳаллӣ огаҳӣ ёфт, гурӯҳи корӣ таҳти сарварии роҳбари СБМ дар Тоҷикистон Зейнал Гаджиев аз Кӯлоб боздид намуда (бори нахуст раҳбари дафтари корӣ ба минтақаи Тоҷикистон сафар кард), пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ, маркази «Шаҳрванд»-ро муътакид сохтанд, ки буҷет аллакай тасдиқ шуда, акнун чизеро тағйир додан ғайриимкон аст.

Он замон СБМ ваъда дода буд, ки минбаъд пешниҳоди онҳо оид ба афзоиши буҷетро ба инобат мегирад, вале моҳи марти соли ҷорӣ қарордодеро барои имзо пешниҳод намудаанд, ки дар он буҷет зиёд нашуда, балки ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Сайдалиев бар ин назар аст, ки шояд ин ҷо гап сари он бошад, ки дар ин давра раҳбарияти СБМ иваз шуд, вале маълум нест, ки бо кадом сабаб тамоми масъалахои муҳим дар СБМ-ро ҳамоҳангсозони маҳаллӣ ҳал мекунанд ва талаботи қонунии «Шаҳрванд»-ро як нозу нуз медонанд.

«Бо рад кардани ҳамкорӣ бо СБМ, мо фаъолияти Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корро қатъ намекунем, зеро ҳамарӯза ҳудуди 20 муҳоҷири корӣ ва аҳли оилаи онҳо барои машварат ба ин марказ муроҷиат мекунанд. Ғайр аз ин, таъсиси он соли 2006 бо ташаббуси САҲА, на СБМ сурат гирифта, иттиҳодияи «Шаҳрванд» кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки хароҷоти ҷории Марказро аз ҳисоби дигар лоиҳаҳо рӯйпӯш кунад», - қайд кард роҳбари Марказ.

Дар хотима номбурда таъкид дошт, ки баъзе сарпарастони байнулмилалӣ худро ба шоҳони боҳиммат ва Ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллиро ба қашшоқону садақапурсон табдил додаанд. «Тассуфовар аст, ки на ҳамаи ТҒД инро дарк мекунанд ва баъди даст кашидани мо аз ҳамкорӣ бо СБМ, боз иттиҳодияи ҷамъиятие пайдо хоҳад шуд, ки бо онҳо шарикиро ба роҳ мемонад», - афзуд Д.Сайдалиев.

Барои шарҳи масъала «Азия-Плюс» ба дафтари кории СБМ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кард ва дар он ҷо зикр карданд, ки дар фурсати наздик доир ба ин масъала посухи расмӣ пешниҳод мекунанд.