Чорабиниҳои расмии имсола ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир мегарданд.

Маъмулан чорнабиниҳои ҷашнии Рӯзи дониш бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд. Имсол дар ин рӯз ӯ дар маросими ифтитоҳи бинои нав дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд, факултаҳои забони русӣ, забони румиву олмонӣ ва технология ба бинои нав гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов, дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар дар ин рӯз толибилмону омӯзгорон тариқи оинаи нилгун суханронии мустақими президентро тамошо хоҳанд кард.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соли равон дар Тоҷикистон 200 мактаби нав ва биноҳои таъмиршудаи назди мактабҳои мавҷуда ба истифода дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ба сурати умум 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1 млн. 171 ҳазору 63 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.