Вазорати умури хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ширкати VFS TasHeel International дар назорати раванди пешниҳоди аризаи раводид ба Арабистони Саудӣ кумак дархост кард. 

Тавре аз VFS TasHeel International хабар доданд, ҷаноби Ҳамза Бакит Ал-Ҳарбӣї (Hamza Bakit Al Harby), котиби нахусти  Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ш. Душанбе  изҳор кардааст, ки  «маркази анқариб дар ш. Душанбе ифтитоҳшуда ба шахсоне, ки хоҳиши ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданро доранд, инчунин дар пешниҳоди иттилооти зарурӣ оиди Шоҳигарӣ мусоидат хоҳад кард».

Ба иттилои манбаъ, хизматгузорӣ  пешниҳоди иттилоот оиди раводид, дастурҳо оиди пешниҳоди ариза барои раводид, коркарди ариза ва судури раводидро дар бар мегирад. Марказ хизматгузориро бо ҷадвали тамдидшудаи рӯзи корӣ дар мавсими пешниҳоди аризаҳои раводид, барои босуръат гардонидани  судури раводид ба ҳамаи хоҳишмандон  ба роҳ мондааст.

 «Маркази нави раводид хуб муҷаҳҳаз гардонида шудааст,  равзанаҳои махсусгардонидашудаи хизматрасонӣ ва  пештоқи қабул мавҷуданд, ки ҳамаи ин барои баланд намудани  малака ва беҳтар гардонидани раванди пешниҳоди аризаҳо барои раводид  равона шудааст. Ҳадафи мо – тавассути таҷҳизоти муосир дар Марказ ташкил намудани муҳити воқеан меҳмоннавоз мебошад, ки дар натиҷа раванди пурраи пешниҳоди ариза барои раводид малакаи хубе хоҳад шуд» - изҳор кардааст Мэдхэн Гопалакришнан (Madhan Gopalakrishnan), сарвари кулли VFS TASHEEL International.

VFS TasHeel  корхонаи муштараки  ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ дар соњаи тартибдиҳии раводиди VFS Global (Зерсохтори Kuoni Travel Group, Швейтсария) ва ширкати TasHeel Арабистони Саудӣ мебошад.   Корхонаи муштарак назорати раванди пешниҳоди аризаҳои раводидро ба 33 кишвар бо дархости Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ амалӣ менамояд.