Шурӯъ аз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод, ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон дар қиёс аз мағозаҳо ба фурӯш гузоранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд ба 200 нафар мактабиён, ки аз оилаҳои камбизоат ба ҳисоб мераванд либоси мактабӣ тақдим намуда ба онҳо дар соли хониши нав муваффақият орзу намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ярмарка-фурӯш то санаи 31 август идома ёфта, дар он зиёда аз 20 нуқтаҳои фурӯш ва 4 корхонаи саноатӣ молу маҳсулоти мактабиёнро ба харидорон пешкаш менамоянд.