Сардори ситоди Фронти халқии замони ҷанги шаҳрвандӣ полковники мустаъфӣ Исмоил Иброҳимов расман маълумоти чанде аз ВАО дар бораи «дилмонда шудан»-и собиқ узви Фронити халқӣ Файзулло Бадарғаев аз Кӯлобро, ки гӯё ба сафҳои ҲНИТ пайвастанӣ будааст, рад кард.

«Аз моҳи апрели соли 1992 то моҳи нобяри соли 1993 на дар Гвардияи халқиву на дар Фронти халқӣ сокини шаҳри Кӯлоб Файзулло Бадарғаев, иқоматдошта бо суроғаи кӯчаи Ҳувайдуллоев 123 ба қайд гирифта нашудааст», - омадааст дар посухи расмии ӯ ба «Азия-Плюс».

Дар ҳамин ҳол, сокини шаҳри Кӯлоб Файзулло Бадарғаеви 75-сола дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» маълумотномаеро пешкаш кард, ки 27-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби комисариати ҳарбии Кӯлоб дода шуда, дар он ӯ ҳақиқатан ҳам узви Фронти халқӣ зикр шудааст, вале ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, то ошкор созад, ки дар вақти зикршуда Ф.Бадарғаев бояд дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекард, зеро аз ҷониби суди ноҳияи Ленинград (феълан Муъминобод) санаи 29-уми январи соли 1987 мутобиқи моддаи 189 (Порагирӣ) ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (феълан – Донишгоҳи ба номи Рӯдакӣ), ки қаблан ба ҳайси сардори автоколонна дар ноҳияи Шӯрообод, директро автобазаи махсус дар Кӯлоб кор кардааст, дар суҳбати шахсӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» таъкид дошт, ки аз бисёр чизҳо, аз ҷумла зиндонӣ нашудани нахустин президенти ИҶШС Михаил Горбачев, то ҳанӯз дар озодӣ қарор доштани собиқ нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷонов, нафақаи паст, ноуҳдабароии мансабдорони сатҳҳои гуногун дар ҳалли мушкилот ва ғайра дарвоқеъ ҳам дилмонда шудааст.

Номбурда зикр кард, ки ба демократҳову комммунистон ва руҳониён муносибати манфӣ дорад ва чун дар кишвар аз фаъолият доштани 8 ҳизб огаҳии хуб надорад, аз ин рӯ хоҳиши узвият ба ҲНИТ-ро изҳор намудааст. «Агар суроғаашро нишон диҳед, ба ҷуз ҳизбҳои коммунисту демократ, ба ҳама гуна ҳизб, ҳатто ба ҳизби насронӣ ҳам аъзо мешавам», - зикр кард ӯ.