Раиси тозатаъини ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода барои мусоидати кормандони Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт дар ҷамъоварии андозҳо дар ноҳия изҳори сипос намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар номаи раиси ноҳия ба унвони вазир дар ин робита зикр мегардад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи БДА дар минтақа зиёда аз 600 адад воситаҳои нақлиётие, ки тӯли чанд соли охир маблағи андози онҳо пардохт нашуда буданд, ошкор ва андозбандӣ карда шуданд.

«Дар натиҷа нақшаи солонаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба ҷои 890 ҳазор сомонӣ, ба маблағи 1 млн. 73 ҳазору 459 сомонӣ ё ба андозаи 120,6% иҷро гардид», - омадааст дар нома.