Дар ҷамъомади бузурге, ки аз ҷониби маркази фарҳанги «Нур» ва иттиҳодияи Собрание» дар шаҳри Маскав созмон дода шуд, муҳоҷирони кории тоҷики муқими Маскав нисбати интишори карикатураҳо ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии «Шарлӣ Эбдо» шадидан эътироз карданд.

Бино ба маълумоти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар ин ҷамъомад кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ба ҷуз маҳкум кардани амалҳои таҳқири муқаддасоти ислом аз ҷониби баъзе нерӯҳои тундгарои Ғарб, иштирокдорони ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои марбут ба риояи тартиботу муқаррароти будубош дар қаламрави Русияро низ баррасӣ карданд.