Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (МТС, ошёнаи 2-юм) аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 нишасти хабарии Вазорати адлияи ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

- Дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 нишасти матбуотии Вазорати мазкур баргузор мешавад. Оғоз соати 15-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.3610 сомонӣ;

1 евро – 6.1901 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.08 25 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2000 — Дар Душанбе шумораи аввалини ҳафтавори «Азия-Плюс» ба нашр расид.

2004 — Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул намуд.

2011 — Бо фармони президент Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1920 — Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Маҳмадулло Холов.

1924 — Даргузашти асосгузори аввалин давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон В.И.Ленин.

1941 — Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), фаромадани туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), фаромадани туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф  меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона -3+2;  дар шарқи вилоят шабона -20-25, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), фаромадани туман дар назар аст.        

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.