Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, аз 1 январи соли 2015 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида ва қадршиносиву дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ кумакпулӣ пардохт мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2014 тибқи қарори раиси вилоят «Дар бораи таҷлили ҷашни 69-солагии Ғалаба дар ҶБВ» дар қаламрави вилоят як зумра корҳо ба анҷом расонда шуданд. Ба муносибати ҷашни Ғалаба намояндагони ҳукумати ҶТ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида аз номи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кумакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ дастрас намуданд.

Гуфта мешавад, онҳо тибқи қарори раиси вилояти Суғд ба маблағи 500 сомонӣ, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг 400 сомонӣ, ҳамагӣ 634 нафар ниёзмандон ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз 150 то 300 сомонӣ кумакпулии яквақтаро соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вилоят айни ҳол 265 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, 13 нафар ҳамсарони бесаробонмонда, 862 нафар шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ меҳнатнамудаи бо ордену медалҳо сарфарозгардида, 298 нафар маъюбони бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, 100 нафар маъюбони интернатсионалист, 104 нафар маъбони сохти конститутсионӣ, 293 нафар маъюбони артиши Шӯравӣ зиндагӣ доранд.