Тоҷикистон ба гузарондани интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 1 марти соли 2015 барпо мегардад, омодагӣ мебинад.

Дар ин робита созмонҳои мустақили  Артикл 19, АМВАОМТ (Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон), «Одил Соз» (Фонди байналмилалии ҳимоияи озодии сухан «Одил соз», Қазоқистон) ва ИМП (Пажуҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, Қирғизистон) Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи Марказии интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатии Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-ро даъват намуданд, ки ҳуқуқ ба озодии баёни андешаҳоро дар арафа ва замони барпошавии интихобот эҳтиром ва ҳимоя кунанд.

Дар муроҷиати ин созмонҳо зикр мегардад, ки «мо инчунин ҳамаи тарафҳои ширкаткунандаи интихобот дар Тоҷикистонро даъват менамоем, ки нақшашонро дар мусоидат намудан ба озодии баёни андешаҳо ва мубоҳисаҳои конструктивӣ эътироф намуда, дарк намоянд, ки амалҳо ва изҳороти онҳо ба дигарон таъсир мегузоранд; ин ҳолат барои он муҳим аст, ки ҷомеае бунёд гардад, ки дар заминаи эҳтироми ҳамдигарӣ ва баробарии ҳама асос ёфтааст».

«Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо, ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба депутати Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) Тоҷикистон даъват менамоем, ки уҳдадориҳо оид ба дастгирии арзишҳои демократӣ, эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқи ҳар нафар инсон барои ширкат дар идоракунии давлат; намоиш додани таҳаммулпазирии сифр ба ҳар навъ дискриминатсия;  даст кашидан аз барангезии тафриқаи байналмилалӣ, маҳаллӣ ва динӣ, истифода набурдани забони бадбинӣ бар зидди гурўҳҳои маргиналӣ дар тамоми мубоҳисаҳои сиёсӣ, инчунин муқаррар намудани тадбирҳо барои пешгирӣ намудани чунин суханронӣ ва ниҳоят, ҳиссагузорӣ намудан барои ҳимояи ҳуқуқҳои башар, аз он ҷумла озодии баёни андешаҳо, озодии эътиқод ва ҳимоя аз дискриминатсия, инчунин ба дастгирии уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои башарро ба зимма гиранд», - баён мегардад дар муроҷиатнома.