Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани бинои манзили зист барои кормандони хадамоти гумрук ба муносибати иди касбии Рӯзи кормандони хадамоти гумрук, ки ҳамасола санаи 22 январ ҷашн гирифта мешавад, ширкат варзиданд.

Манзили зисти нуҳошёна муддати ҳафт моҳ бунёд гардида, дар кӯчаи Шамсии пойтахт воқеъ аст.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 56 нафар кормандони хадамоти гумрук аз дастони нахуствазир ва сардори Хадамоти гумруки кишвар калидҳои манзили зисташонро соҳиб шуданд.

«Зимни суханронӣ дар ин маросим нахуствазир кормандони хадамоти гумрукро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба ватан даъват намуд», - қайд кард Муҳиддинов.