Анонс

- Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев имрӯз бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

- Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нахустин конфронси матбуотии сафири нави Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ бахшида ба инқилоб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барпо мешавад. Оғоз соати 16-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.3951 сомонӣ;

1 евро – 6.1871 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0810 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1990 — Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.

2004 – Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.

2008 — Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.

1921 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.

1927 – Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.

1954 – Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.

1959 — Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.

1875 – Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, 9 феврал бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.          

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.