Имрӯз дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ба ифтихори ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки 21 нафар собиқадорони ҷанг ва фаъолони ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Бино ба иттилои як манбаъ за ҳукумати ноҳияи Бохтар, зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба собиқадорони ҷанг барои мардонагиву ҷонфидоӣ барои ғалаба бар фашизм миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳар кадоме аз собиқадорон ба маблағи 150 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Зимнан зикр гардид, ки корхонаву муассисаҳои ноҳия низ аз кумак ба собиқадорони ҷанг дар канор намонда, дармонгоҳи ноҳия ба ҳар кадоме аз собиқадорони ҶБВ дорувории тиббӣ ба маблағи 220 сомонӣ ҳадя намуд ва аз ҳисоби буҷет 2 нафар собиқадорон барои муолиҷа ба осоишгоҳи «Харангон» фиристода шуда, хизматгузории дандонпизишкии 4 нафар собиқадорон ба маблағги умумии 750 сомонӣ пардохта шуд.