Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байнулмилалии динӣ (USCIRF) дар гузориши нави худ дар бораи риояи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба қатори 17 кишвари дунё шомил кард, ки «боиси нигаронии беҳад зиёд аст». Дар ин кишварҳо «ба беҳад ҷиддӣ риоя нашудани озодиҳои динӣ роҳ дода мешавад».

Ба ҷуз Тоҷикистон дар «рӯйхати сиёҳ»-и USCIRF ҳамчунин Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам низ ҷойгиранд.

Дар робита ба мавридҳои сершумори риоя нашудани озодиҳои динӣ, Комиссияи мазкур ба Департаменти давлатии ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистон дар қатори Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам ба рӯйхати кишварҳое, ки «боиси нигаронии беҳад зиёданд», шомил гардад.

Дар гузориш аз ҷумла зикр мегардад, ки «дар Тоҷикистон муқаррароти озодиҳои динӣ мунтазам, давомдор ва ошкоро риоя намешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва бидуни назорати ҳукуматдорон, аз ҷумла фаъолияти мусалмонон, протестантҳо, намоянагони Шоҳидони Яҳво фишор меорад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад. Ҳамчунин ҳукумат бар асоси ҷиноятҳои исботнашудаи марбут ба фаъолияти динӣ шахсони ҷудогонаро зиндонӣ мекунад».