Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди ҳукумати ҶТ бо ёрии аҳолии маҳалӣ корҳои кашидани қубури обгузар (водопровд)-и дарозиаш 8 километр барои сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободро, ки баъди фаромадани ярч рӯзи 3 апрел аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ мекашаиданд, ба итмом расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи мазкур хабар дод, барои сохтмони ин хатти обгузар аз ҷониби президенти Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

«Баъди сохтмони хатти обгузар дигар ба барқарор кардани канал (ҷуйбор), ки ҳамасола бо лойқа пур мешуд, зарурате нест», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.