Дар шаҳри Исфра ба муносибати 70-умин солгарди ҷашни Ғалаба ба 22 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаҳои идонаи президенти мамлакат тақдим карда шуданд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, муовини аввали вазири меҳнати ҷумҳурӣ Эмин Сангинзода ба ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ паёми табрикӣ ва кумакпулии якдафъаинаи сарвари давлат дар ҳаҷми 1500 сомониро ба ҳар кадоме аз онҳо супурд.

Ҳамчунин дар маросими ботантана намояндаи ҳукумати вилоят аз номи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба 22 нафар собиқадорони ҷанг ва 1 нафар ҳамсари ҷанговари ҳалокшуда 1000 сомонигӣ ва ба 43 нафар собиқадорони меҳнат дар ақибгоҳи ҷанг 800 сомонигӣ маблағӣ пулӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳизода қаҳрамониву шуҷоати собиқадорони ҷангу меҳнат дар лаҳзаҳои душвори кишварро таъкид дошта, онҳоро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфт ва ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҷанг 500 сомонӣ ва коргарони ақибгоҳ 200 сомонӣ маблағи пулӣ супурд. Ба собиқадорон ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуданд.

Ба гуфтаи И.Тешаев, ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Ғалаба ба 39 оилаи эҳтиёҷманди шаҳр низ дар ҳаҷми 200 сомонигӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.