Рӯзи 7 май дар гузаргоҳи марзии «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ маросими аз сарҳадбонони қирғиз ба марзбонони тоҷик супурдани рамзи «Пойгаи Ғалаба» доир гардид.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин маросим дар макони дастаи марзбонии Мурғоб консерти ансамбли суруду рақси Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ташкил шуда, субҳи имрӯз рамзи «Пойгаи Ғалаба» ба Хоруғ расонида мешавад ва ба ин муносибат дар шаҳр чорабиниҳои оммавӣ баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, сипас рамзи «Пойгаи Ғалаба» ба марзбонони ӯзбек супурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки рамзи «Пойгаи Ғалаба» дар марзҳои кишварҳои узви ИДМ ва ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.

Соли равон пойга (эстафета) санаи 2 феврали соли 2015 якбора аз ду самт - дар шаҳрҳои Брест (беларус) ва Мурманск (Русия) оғоз гардида, рӯзи 28 май дар шаҳри Маскав ба итмом мерасад.