Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май ҷаласаи кории шаҳрдориро баргузор намуд,  ки дар он бо муҳтавои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути назарсанҷӣ  аз ҷониби институтҳои назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, ки унвонии  шаҳрдорӣ  ворид гардидаанд, масъулинро баҳри тақвияти фаъолият шинос намуда,  вобаста ба баррасии ҳар кадом  масъалаҳо бо муқаррар кардани муҳлат, дастурҳои мушаххас ироа намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ба хадамоти дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои рафъи мушкилоти мавриди нигаронии сокинони пойтахт дастурҳои мушахас дод.

Идома бар он таваҷҷуҳи муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти анҷомгирифта дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ, иҷрои нишондодҳои барномавӣ оид ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъоварии барзиёди андозҳо ба буҷети шаҳр  нигаронида, дастур фармуд дар ин самт тамоми потенсиали мавҷуда сафарбар карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла зикр намуд, ки бо инобати оғоз гардидани мавсими боронгариҳо нисбати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпарото, ҷӯйбору дигар иншооти муҳандисӣ  тамоми чораҳои воқеиро андешида, фаъолияти гуруҳхои мобилии садамавии сохторҳои марбута зери назорат қарор дода шаванд.

Ҳамзамон бо нигаронӣ таъкид дошт, ки то ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд. Дар ин росто дастур фармуд, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Низом Ҳакимов дар ҳамкорӣ бо институтҳои амалкунандаи назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, баҳри рафъи камбудиҳои  зикршудаю чойдошта ва роҳандозии либоси ягонаи ронандагону кондукторон ва фаъолияти ҳамарӯзаи радиоҳои дохилинақлиётӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин зикр гашт, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбек Расулов ҳолати сафолакҳои тамоми роҳҳои пиёдагарду хиёбонҳои шаҳр таҳқиқ ва оид ба истифодаи намудҳои сафолакҳои ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ ва аз сангҳои ватанӣ истеҳсолшуда оро додани иншооти мазкур  таклифҳо манзур карда шаванд.