Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Толятии Ҳавзаи федералии Приволжеи Русия боздид намуд.

Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори маркази мазкур Виктор Попов маълум шудааст, ки аз 175 нафар шаҳрвандони хориҷии дар марказ қарордошта, 25 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки бинобар сабаби қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбаташон қарори хориҷ кардан аз Русия содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари марказ гуфтааст, айни замони нисбати 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, рӯзҳои наздик онҳо ба ватан фиристода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки корманди намояндагӣ бо вазъи будубоши ва шароити зисти шаҳрвандони тоҷики мукими ин марказ шинос шуда, зимни суҳбат маълум шудааст, ки бархе аз онҳо натанҳо ҳуҷҷатиҳои иҷозаи будубоши қонунӣ дар Русия, балки ҳатто ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худро надоранд.

«Айни замон Хадамоти консулгарии Тоҷикистон аз рӯи ҳар як ҳолати ҷудогона ҷиҳати омода сохтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ тадбирҳо рӯйи кор гирифта, оянда муҳоҷирон ба ватан фиистода хоҳанд шуд», - афзуд номбурда.