Ба 250 донишҷӯи тоҷикистонии муассисаҳои таълимии Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишвар ва идомаи таҳсил дода шуд.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба туфайли вохӯрӣ ва гуфтушунидҳое, ки миёни ҷонибҳо ҳар ним сол гузаронида мешавад, чунин натиҷаи мусбат ҳосил шуд.

«Миёни манъи вуруд ба Русия ва истирдоду хориҷ кардан фарқ мебояд гузошт. Барои ягон қонуншикание вуруд ба қаламрави ин кишварро манъ мекунанд. Касоне, ки вурудашон манъ шудааст, ба намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд ва дар муддати 10 рӯз ба муроҷиати онҳо расидагӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ба вуруди ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳеҷ монеъае ҷой надорад. Айни замон барои 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 383 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% камтар мебошад.

Мутобиқи  маълумоти  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 август беш аз 985 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла зиёда аз 827 ҳазор нафар мардон ва ҳудуди 158 ҳазор нафар занон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Ин шумор аввали сол каме бештар аз 999,1 ҳазор нафарро ташкил медодааст.