Духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева ба феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид.

Акси яке аз зеботарин духтарони шаҳри Душанберо муаллифи лоиҳаи The Atlas of Beauty, аксбардор аз Руминия Михаэла Норок 17 соат қабл дар сомонаи лоиҳа гузошта ва дар ин муддат мунира Мирзоева ба 90 овоз соҳиб шудааст.

«Зебоӣ гуногуншаклиро ифода мекунад. Аз нигоҳи ман зебоӣ маънои нигаҳдории сарчашмаи оғоз ва фарҳанги худро дорад. Барои самимиву табиӣ ва ҳақиқӣ будан, аз ҷумла аз пушти мӯд давидану ҳатман хароб будан зарур нест», - қайд мекунад дар Норок дар сомонаи лоиҳаи худ.

Ин акси зебодухтари гулпарваи тоҷик аллакай муддати ду рӯз аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook сайр дошта, садҳо нафар ба он «лайк» мегузоранд.

Аммо худи Мунираи 19-сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, аз ситоиши зебоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан хабар надорад. Дар суҳбат ба радиои Озодӣ Мунира гуфтааст, ӯ ноновари аслии хонаводаи 7-нафарааш аст ва тамоми рӯзаш ба ороишу гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.

Вай изҳор доштааст, ки фарзанди бузурги хонадон аст ва 4 бародари дигар дорад. Шароити бади молии хонавода ӯро гулпарвар кардааст.  Мунира мегӯяд, нонашро бо арақи ҷабин ҳалол мекунад, вале аз ин машғулияташ ифтихор дорад.

Мунира ҳам баъди хатми мактаби миёна мисли ҳазорҳо духтарони дигари тоҷик орзуи идомаи таҳсилро дошта, мехост, табиб шавад. Аммо шароити молӣ чунин имкониятро надод. «Ҳоло зиёд озурда ё нороҳат нестам, чунки «ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпа дароз кунад», - гуфтааст ӯ ба Радиои Озодӣ.