Анонс

- Ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат ба як гурӯҳ шаҳрвандони кишвар мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад. Маросими тақдими мукофотҳо дар Кохи миллат доир мегардад;

- Дар машқгоҳи «Фахробод»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тамринҳои тактикии махсуси воҳидҳои таъиноти махсуси мақомот ва хадамоти зиддимухаддиротӣ, қушӯнҳои дохилӣ мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои узви СААД «Гром-2015» идома меёбанд;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия барои омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба истифодаи воситахои мултимедиявӣ ва захираҳои таълимии рақамӣ семинар баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.3198 сомонӣ;

1 евро – 7.1035 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0. 1010 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1904 – Ронандаи автомобил бори нахуст барои баланд кардани суръат ба зиндон маҳкум гардид.

1936 – Таъсиси ширкати автомобилии «Тойота».

2000 – Президенти ҶТ Э.Раҳмонов ва пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV Созишнома дар бораи таъсиси Донишгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ба имзо расониданд.

2003 – Ҳавопаймои мусофирбари нахустин аз Кобул ба фурудгоҳи Душанбе омад.

855-925 – Зодрӯзи мутафаккири форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ.

1916 – Мавлуди фолкоршиноси рус ва тарҷумон Мирра Явич.

1931 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мансур Бобохонов.

1942 – Мавлуди фарҳангшинос Эрна Гейзер.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.