Собиқ роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Гурез Зарипов рӯзи 7 январ дар синни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти гумрук дар ин робита хабар дод, маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 7 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо шудааст.

Гурез Зарипов аз моҳи январи соли 1992, замони таъсисёбии хадамоти гумрук дар ин низом фаъолият дошт. Дар мансабҳои сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон, мақомҳои роҳбарикунанда дар Кумитаи андоз ва Агенти назорати маводи нашъаовар ифои вазифа кардааст.

Моҳи декабри соли 2006 роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда, охири соли 2013 ӯро дар ин вазифа писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ иваз кард.