Русия ба аҳолии осебдида аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта дар ВМКБ кумаки башардӯстона ирсол мекунад.

Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, кумаки мазкур дар доираи супориши ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, санаи 12 январи соли равон ба Душанбе оварда мешавад.

Ҳаҷми кумаки башардӯстонаи ҷудошуда алҳол маълум нест ва дар назар аст, ки он тавассути ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба пойтахти Тоҷикистон расонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 7 декабри соли гузашта бар асари заминларзаи харобиовар дар қаламрави ВМКБ 1 ҳазору 327 манзил қисман ё пурра хароб гардида, 7 ҳазору 962 нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.