Субҳи имрӯз бо ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ 32 тонна кумаки башардӯстонаи ин кишвар ба Душанбе оварда шуд.

«Имрӯз бо супориши ҳукумати Русия аз фурудгоҳи Раменскои вилояти Маскав ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо кумаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларза осебдидаи Тоҷикистон ба Душанбе парвоз кард, - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сафорати Русия дар Тоҷикистон. - Кумаки башардӯстона бо вазни беш аз 32 тонна аз нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо ва кӯрпаву кампал иборат аст».

Ёдрас мекунем, ки санаи 7 декабри соли гузашта бар асари заминларзаи харобиовар дар қаламрави ВМКБ 1 ҳазору 327 манзил қисман ё пурра хароб гардида, 7 ҳазору 962 нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.