Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти тоза (ба санаи 12 январи соли 2016) доир ба шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба нашр расонид.

Тибқи маълумоти дар сомонаи расмии ХФМ интишоршуда, дар зарфи 1 моҳ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба миқдори 3,8% кам шуда, 862 ҳазору 321 нафарро ташкил додааст.

Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар - 4,1% кам шуда, айни замон беш аз 1 млн. 800 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Русия қарор доранд. Баръакс шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия дар як моҳ 2% афзуда, феълан ба 553 ҳазору 920 нафар баробар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2015 расмиёти узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом ёфта, аз ин замон дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон гирифтани иҷозатнома барои кор дар қаламрави ин Иттиҳод зарур нест. Муҳлати будубоши муҳоҷири корӣ ва аъзои оилаи ӯ бошад, ба муҳлати амали шартномаи муҳоҷири корӣ бо корфармо муайян карда мешавад.