Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) имрӯз дар ҳузури журналистон 4,5 тонна маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро нобуд кард.

Ин маҳсулоти пастсифати ва муҳлати истифодааш гузашта, ки асосан маҳсулоти ғизойӣ мебошанд, зимни рейди кормандони Агентӣ ба нуқтаҳои савдо мусодира шудааст.

Соли 2015 «Тоҷикстандарт» дар маҷмӯъ 3 ҳазору 660 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро ошкор намудаааст, ки қисмате аз он барои хӯроки чорво ва қисмате ба коркард равона гардида, боқимонда нобуд карда шудааст.

Танҳо дар шаҳри Душанбе 70 тонна хурмо, 245 тонна конфетҳо, беш аз 8 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 8 тонна моҳии яхшуда, ҳудуди 12 ҳазор дона тухм мусодира шудааст, ки истеъмоли онҳо барои саломатии инсон хатарнок аст.