Барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро дар 38 кишвари Осиё, Аврупо ва Африқо тамошо мекунанд.

Директори ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов дар ин робита изҳор намуд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро ба ҷуз ҷумҳурии худамон, дар ҳаҷми пурра метавон дар 24 кишвар - давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳамчунин як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ тамошо кард.

Ғайр аз ин, қайд кард номбурда, барномаҳои телевизиони Тоҷикистон қисман дар 13 кишвари Аврупои Ғарбӣ ва Осиё низ қабул карда мешавад.

Ба гуфтаи Ҳабибов, ҳамчунин барои тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон тариқи шабакаи Интернет низ шароиту имкон фароҳам оварда шудааст.

Зимнан таъкид гардид, ки айни замон 54%-и аҳолии Тоҷикистон бо пахши рақамиии барномаҳои телевизион таъмин карда шудааст.