Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои эҳтиёҷоти ҳамаи 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт 2 ҳазор адад компютерҳои муосир харид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ахири соли гузашта дар мактабҳои пойтахт 4 ҳазору 260 адад компютерҳо мавриди истифода қарор доштанд, ки ба ҳар 15,8 хонандагон 1-тогӣ компютер рост меомад.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди ба тавозуни мактабҳо супурдани компютерҳои нав акнун ба 1 компютер 11,9 нафар хонанда рост меояд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе барномаи бо компютер таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти умумиро 125,6% ба иҷро расонидааст.