Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Шамс Назаров имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки корхонаҳои сементбарории дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони Чин сохташуда ба вазъи экологии ҷумҳурӣ зараровар нестанд.

Ба гуфтаи номбурда, ин иншоот тибқи созишномаҳои дуҷониба бунёд гардида, асосан бо технологияҳои чинӣ муҷаҳҳазанд. «Корхонаҳои сементбарорӣ ба тамоми талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, бо беҳтарин ҳавософкунакҳо таъминанд», - гуфт Ш.Назаров.

Зимнан зикр гардид, ки мушкилоти ин самт дар Тоҷикистон фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аст, ки аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА сохта шуда, дубора комилан таҷҳизонида шудааст. «Солҳои аввал дар Марказ корҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд, аммо дастгоҳи поккории сулфур ҳоло пурра кор намекунад», - қайд кард ӯ ва илова намуд, ки «худи Марказ ҳанӯз пурра сохта нашудааст».

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2014 навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истифода шуд. Зикр гардида буд, ки Марказ ба тамоми меъёру талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, бо назардошти дастовардҳои муосири илму техника сохта шудааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллаҳои аҳолинишнин наздикии Маркази барқу гармидиҳӣ аз чангу тумани зиёди ғуборолуди хориҷшаванда аз қубурҳои ин марказ шикоят мекунанд.

Қобили зикр аст, ки навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 то соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.