Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахти Тоҷикистон Ҳафтаи «Поси хотир» доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мутобиқи ин қарор ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ки рӯзи 7 май  дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко барои поси хотири ҷанговарони интернатсионалист ҷамъомад баргузор намояд.

Гуфта мешавад, рӯзи 7 май ҳамчунин дар Боғи устод Рӯдакӣ миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳри Душанбе Фестивал–озмуни сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» доир мегардад.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин қарор дар шаҳри Душанбе бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳи ҷанг як силсила вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзи Ғалаба - 9 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Қаблан раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пойтахт дастур дода буд, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои шаҳр боз 50 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шавад.

Ба санаи 15 апрел дар Тоҷикистон 633 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда монда, давоми як сол 175 собиқадорони ҷанг аз олам даргузаштанд. Шумори коргарони ақибгоҳи ҷанг дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои дар фронт фавтидагон ва шахсони дорои хизматҳои шоиста ба ватан 2 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ ҷудо кард.