Ҳайати журналистони васоити ахбори умумии марказии давлатии Тоҷикистон дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) дар ин робита иттилоъ доданд, ҳайатро раиси Иттиҳод Зинатулло Исмоизода раҳбарӣ намуда, рӯзи 9 май журналистонро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз рӯзноманигорон дар кори мизи гирд таҳти унвони «Саҳми ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иштирок мекунанд, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар мизи гирд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва ҳамчунин раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода маърӯза мекунанд.

Дар доираи ин сафар намояндагони ВАО-и давлатӣ аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ боздид карданианд. Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад.