Шоми рӯзи 10 май Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Усмонович Қурбонов дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба маълумоти наздикону хешовандонаш, рассом рӯзи 9 май бо бемории шадиди қалб дар бемористон бистарӣ шуда, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистаанд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе доир мегардад.

Суҳроб Қурбонов соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи бадеии ба Номи М.Олимов дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии бадеии ба номи В.Суриков дар Маскав мебошад.

Давоми кору зиндагиаш ба ҳайси раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон ва котиби Раёсати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намуда, соли 1989 вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудааст.

Дорандаи ҷоизаҳои сершумори давлатӣ, муаллифи нишон, рамзу нигораҳо ва ордену медалҳои ҷумҳурӣ аст. Дар Душанбе толори мусаввараҳои нахустин дар Тоҷикистон «Арт-галереяи Сӯҳроб»-ро таъсис додааст.

Дар намоишгоҳҳои шахсӣ ва умумии даҳҳо кишварҳои саросари дунё асарҳои офаридаи ӯ ба маърази тамошо гузошта шуда, бисёре аз асарҳои рассом дар осорхонаҳои бисёре аз кишварҳои дунё маҳфузанд.