Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  шаҳр машварати корӣ баргузор кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба омодакунии пойтахт ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба сохторҳои марбутаи шаҳр, гурӯҳҳои корӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки дар муҳлати ду ҳафта ба далелҳои худсарона ғасб кардани қитъаи заминҳо хотима бахшида, сохтмону биноҳои ғайриқонунӣ дар шаҳр сохташударо кӯчонанд.

Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш дод, ки бо назардошти то охири сол ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бо иштироки моликони хонаву биноҳо фонди манзилро ба қабули гармиву оби гарм омода созанд.