Дар доираи амалишавии нақшаи корӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, маросими ба истифода дода шудани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки дар ноҳияи Файзобод воқеъ  аст, баргузор гардид.

Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳо Шервони Умриддин хабар дод, президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар маросими ифтитоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо вазъи кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ” шинос намуд. 

Дар маросими ифтитоҳ намояндаҳои Академияи илмҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка, намояндагони Вазорати энергетикаи Америка ва Вазорати энергетика ва тағирёбии иқлими Бритониёи Кабир ширкат варзиданд.

Сипас, Илҳом Мирсаидов, мудири шуъбаи иттилиотӣ ва робитаҳои байналмилаллии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро оид ба таърихи амалишавӣ ва дастовардҳои лоиҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати  Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Бритониёи Кабир дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст, шинос кард. Лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта моҳи феврали соли 2016 ба анҷом расид.

Намояндаи Ҳукумати ИМА Младинео Стефен Виктор ва намояндаи Бритониёи Кабир Кэролл Питер Вилльям аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандии зиёд изҳор намуда, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт бояд пурзур карда шавад, зеро солҳои охир таҳдидҳои гуногун аз гуруҳҳои экстремистӣ ва террористҳо зиёд шуда истодааст.

Баъд аз маросими расмӣ, ҳозирин бо ду бинои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки пурра таъмир гардиданд шинос гардиданд.