Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба феҳристи 33 шаҳри дунё бо сифати пасттарин барои кору зиндагӣ шомил шуд.

Ширкати консалтингии Mercer рӯйхати 450 шаҳри саросари дунёро таҳия намуда, портали иттилооти инсайдерии ҷаҳон - Business Insider аз миёни онҳо 33 шаҳри бадтаринро интихоб намудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар феҳристи 33 бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои кору зиндагӣ Душанбе миёни пойтахтҳои Бангладеш ва Нигерия - Дакка ва Абуҷей дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст.

«Камбизоатӣ ва камбуди энергия дар маҷмӯъ барои шаҳр ва кишвар мушкилоти бузург мебошанд. Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ огоҳ месозад, ки бинобар сабаби зербинои нокофӣ, роҳандозии тиҷорат дар он ҷо душвор аст», - қайд мекунад Business Insider зимни муаррифии Душанбе.

Дар ин феҳрист ҳамчунин пойтахтҳои Қирғизистону Туркманистон ва Ӯзбекистон низ ҷойгиранд, ки мутаносибан Бишкек - зинаи 21-ум, Ашқобод - 23-юм ва Тошканд - мақоми 26-умро ишғол кардаанд.

Шаҳри бадтарини ҷаҳон барои кору зиндагӣ Бағдод (Ироқ) номида шуда, дар даҳгонаи аввал ҳамчунин шаҳрҳои Банги (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ), Сано (Яман), Порт-о Пренс (Гаити), Хартум (Судон), Нҷамена (Чад), Димишқ (Сурия), Киншаса (Ҷумҳурии Демократии Конго) ва Конакри (Гвинея) ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ҳангоми баррасии 450 шаҳри саросари ҷаҳон Merser нишондиҳандаҳои зеринро ба инобат мегирад: муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, вазъи иқтисод, муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ, ҷанбаҳои тиббӣ ва солимӣ, мактабу маориф, хизматгузории коммуналӣ ва нақлиёт, макони истироҳат, истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, шароити иқомат, муҳити зист ва ғайра.