Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе,  озмуни аз 23 май то 23 июл идома ёфта, дар он шахсони ҳуқуқӣ ва хусусии ватаниву хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Аз ин озмун санаи 30 июл натиҷагирӣ мешавад.

Ғолиби озмун дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар таҳияи лоиҳа ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳакашони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур кӯчонида шудани бозорҳои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-и пойтахт пешбинӣ мешавад.