Ситоди милли Тоҷикистон аз марҳилаи якуми амалиёти махсуси муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май доир гардид, натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни баргузории амалиёт қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санҷида шуд.

Дар марҳилаи якум нисбати 285 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Тоҷикистон вайрон намуданд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 47 нафарашон (ҳамин давраи соли 2015 - 13  нафар) аз қаламрави Тоҷикистон бо қарорҳои судӣ берун карда шуданд.

Гуфта мешавад, баргузории марҳилаи дуюми амалиёти мазкур аз 19 сентябр то 7 октябри соли равон дар назар аст.