Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 август ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа ширкат варзида, ба масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Раиси пойтахт ҳозиринро ба дастоварди беназири гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро табрику таҳният гуфта, дастур дод, ки чорабиниҳои истиқболи ӯ дар пойтахт ба таври арзандаву шоиста ташкил карда шаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аҳолии пойтахт даъват ба амал овард, ки баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар шаҳр ва сулҳу субот дар ҷомеа, ба ҳамкориҳояшон бо мақомоти қудратӣ тақвият бахшанд.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки ҳамаи занони кӯчарӯби шаҳри Душанбе, ки ба нигоҳубину тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт машғуланд, бо мукофотпулии якдафъаина сарфароз гардонида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки Дилшод Назаров айни замон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Лаҳистон (Полша) қарор дошта,  шоми санаи 26 август тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Истамбул (Туркия) ба Душанбе меояд.