Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда, дар мавзеъи дашти Рогиф бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  як шаҳраки наву замонавӣ бо номи Меҳрон бунёд ёфта истодааст.

«Дар мавзеи дашти Рогиф барои ташкили маркази нави маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар масоҳати 21 гектар, ки аз ин 15 гектар барои сохтмони биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва 6 гектар барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мебошад, сохтмони иншооти муҳим ҷараён дошта, тибқи нақша дар ин макон бунёди бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ, нуқтаи оташнишонӣ ва дигар иншооти маъмурии соҳавӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, зимни шиносоиҳо раиси вилоят масъулинро ба саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҷавобгӯ будани иншооти сохташаванда ба меъёру талаботи сохтмонӣ вазифадор намуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар марҳилаи аввали корҳои сохтмони шаҳраки Меҳрон дар ин ноҳия аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят 10 млн. сомонӣ ва барои таъмини шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз буҷети вилоят 1,5 лн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, оби нӯшокӣ ба шаҳрак аз дарёчаи Каллахона тариқи қубурҳои 250 миллиметраи фишори баланд аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ хоҳад шуд