Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои оимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров имрӯз аз шаҳри Маскав бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» соати 18:00 ба ватан фуруд меояд.

Дар назар аст, ки қаҳрамони олимпиро дар фурудгоҳи пойтахт раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Адҳам Абдуллозода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва аҳли оилаву наздикони ӯ пешвоз мегиранд.

Дилшод Назаровро ҳазорон мухлисон низ пешвоз мегиранд, ки қад-қади роҳҳои пойтахт қаҳрамони олимпиро шодбош хоҳанд гуфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Дилшод Назаров дар кабриолет тамоми маркази шаҳррро тай мекунад.

Сипас Дилшод Назаровро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Бегоҳии имрӯз дар амфитеатри пойтахт ба ифтихори қаҳрамони олимпӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерт доир мегардад.

Рӯзи 19 август Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр дар мусобиқаи гурзандозии Олимпиадаи Рио-де-Жанейро ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, ки ягона медали дастаи Тоҷикистон дар ин Олимпиада аст.