Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз охири моҳи август то аввали моҳи сентябр аксияи хайрияи умумиҷумҳуриявии «Нури маърифат»-ро роҳандозӣ намудааст.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи чорабинии мазкур ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ба омодагии кӯдакони ятим, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба соли нави хониш мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як шаҳру ноҳия на камтар аз 20 нафар кӯдакон аз ин қишри аҳолӣ ба аксия фаро гирифта шуда, онҳо бо сарулибоси мактабӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии дарсӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста