АНОНС

- Дар толори Иттифоқи нависандагони кишвар Намоишгоҳи байнулмилалии китоб доир мегардад;

- Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Дораи» Хеврон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад. Оғози бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе;

- Дар маҷмааи нави савдои «Пойтахт-90» Иди асалу харбуза барпо мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.7860 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1186 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»

1934 – Дар Душанбе муассисаи беруназмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.

1940 – Сохтмони Шоҳроҳи Бузурги Помир ба итмом расид.

1968 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.

1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

2006 — Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.

2006 — Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.

2007 — Ба муноисбати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.

2011 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.

1934 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.

1937-2004 – Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.

1937 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.

1949 – Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.