Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 10 сентябр аз озмун барои дарёфти унвони беҳтарин ошпаз (оши палав) дар Тоҷикистон натиҷагирӣ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар озмун намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон - беш аз 120 нафар ошпазҳо иштирок хоҳанд кард.
Танҳо шаҳри Душанберо дар озмун 6 нафар ошпазҳо намояндагӣ хоҳанд кард, ки дар 6 дег бо 300 кило биринҷро оши палав тайёр мекунанд. Ба ошпазҳои Душанбе дар озмун ғолиби озмуни шаҳрӣ, ошпази чойхонаи «Роҳат» Афзалшо Холов роҳбарӣ мекунад.
Ғайр аз пухтани оши палав, миёни ошпазҳо озмунҳои беҳтарин оростагари дастурхон барои оши палав ва ҳамчунин озмуни сарулибоси беҳтарини ошпазҳо низ гузаронида мешавад.



