АНОНС

- Аз 30 ноябр то 2 декабр дар маркази тиҷоратии «Плаза Душанбе» Конфронси панҷум оид ба ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад;

- Ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ спектакли «Исповедь Омара Хайяма» (Омурзиши Умари Хайём)-ро барои қабул ба Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг намоиш медиҳанд. Басаҳнаггузорандаи спектакл Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Б. Миралибеков аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8768 сомонӣ;

1 евро – 8.3730 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1197 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1997 – Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.

2002 — Миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи шарикӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

2010 — Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.

1908-1974 – Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.

1918 – Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

1948 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.

1950 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.

1964 – Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -+5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +5+7.