АНОНС

- Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 4 январ номусоид шудани вазъи обуҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари тармафароӣ ва ярч вуҷуд дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8762 сомонӣ;

1 евро – 8.1818 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1265 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 – Таъсиси шаҳри Қайроққум (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1964 – Дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе намунаи аввалини яхдони «Помир» истеҳсол шуд.

2011 — Дар натиҷаи амалиёти махсус дар деҳаи Руноби водии Рашт Аловуддин Давлатов, бештар маъруф бо лақаби Алӣ Бедакӣ ва 7 тан аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -3+2.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -5-10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -1-3.